Январ 17, 2018 14:22 Asia/Dushanbe
  • Идомаи сенарияи тарсондани мардум аз ҳамлаи мушакӣ. Ин бор дар Ҷопон

Шабакаи радиоӣ ва телевизионии давлатии “NHK” –и Ҷопон сешанбешаб дар пайи интишори хабари иштибоҳи ҳамлаи Кореяи Шимолӣ ба Ҷопон, паёми узрхоҳӣ содир кард.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, шабакаи радиоӣ ва телевизионии давлатии “NHK” –и Ҷопон рӯзи сешанбе дар апликейшни мубойлии худ эълом карда буд: “Ба эҳтимоли зиёд Кореяи Шимолӣ дар ҳоли шиллики мушак (ба самти Ҷопон) аст. Мардум ҳарчи зудтар сохтмонҳоро тарк кунанд”.

“NHK” –и Ҷопон дар паёми худ аз интишори ин хабар, ки мунҷар ба эҷоди тарсу ваҳшат дар фазои умумии Ҷопон шуда буд, узрхоҳӣ ва эълом кард, хабари ҳушдор иштибоҳ будааст.

Идораи мудирияти буҳрони Иёлати Ҳовои (Гавайи)-и Амрико низ рӯзи шанбе ба иштибоҳ паёми изтирорӣ дар бораи ҳамлаи мушакӣ ба хоки ин кишвар барои шаҳрвандони ин иёлат ирсол кард, ки ба суръат мавҷе аз ваҳшат дар иёлати Ҳовои ба по кард.

Дақоиқе баъд ин паём аз сӯйи Идораи мудирияти буҳрони Ҳовои такзиб шуд.

Амрико ва муттаҳидонаш, аз ҷумла Ҷопон нақши асосӣ дар афзоиши танишҳо дар шибҳи ҷазираи Корея доранд.