Даъвати Ашраф Ғанӣ аз Толибон барои пайвастан ба раванди сулҳ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28667-Даъвати_Ашраф_Ғанӣ_аз_Толибон_барои_пайвастан_ба_раванди_сулҳ
Раисиҷумҳури Афғонистон бори дигар гурӯҳи Толибонро ба пайвастан ба раванди сулҳ бо давлати ин кишвар, фарохонд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 18, 2018 12:49 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Ашраф Ғанӣ аз Толибон барои пайвастан ба раванди сулҳ

Раисиҷумҳури Афғонистон бори дигар гурӯҳи Толибонро ба пайвастан ба раванди сулҳ бо давлати ин кишвар, фарохонд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рӯзи гузашта, дар маросиме дар Кобул (пойтахти Афғонистон), аз аъзои гурӯҳи Толибон хост дар мусолиҳаи дохилӣ, вориди музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон шаванд.

Ашраф Ғанӣ хитоб ба гурӯҳи Толибон афзуд, агар афғон ҳастед ба дархости давлати Афғонистон вориди музокироти сулҳ шавед.

Пеш аз ин гурӯҳи Толибон хурӯҷи комили низомиёни хориҷӣ, аз Афғонистон ва бознигарӣ дар Қонуни асосии ин кишварро аз муҳиммтарин пешшарти худ барои сулҳ ва оштӣ бо Кобул, эълом карда буд.