Даъвати Ашраф Ғанӣ аз Толибон барои пайвастан ба раванди сулҳ
Январ 18, 2018 16:19 Asia/Dushanbe
Раисиҷумҳури Афғонистон бори дигар гурӯҳи Толибонро ба пайвастан ба раванди сулҳ бо давлати ин кишвар, фарохонд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рӯзи гузашта, дар маросиме дар Кобул (пойтахти Афғонистон), аз аъзои гурӯҳи Толибон хост дар мусолиҳаи дохилӣ, вориди музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон шаванд.
Ашраф Ғанӣ хитоб ба гурӯҳи Толибон афзуд, агар афғон ҳастед ба дархости давлати Афғонистон вориди музокироти сулҳ шавед.
Пеш аз ин гурӯҳи Толибон хурӯҷи комили низомиёни хориҷӣ, аз Афғонистон ва бознигарӣ дар Қонуни асосии ин кишварро аз муҳиммтарин пешшарти худ барои сулҳ ва оштӣ бо Кобул, эълом карда буд.