Январ 18, 2018 16:39 Asia/Dushanbe
  • Дархости Ҷамъияти уламои Ҳинд барои тағйир дар равобит бо Исроил

Дабири Ҷамъияти уламои Ҳинд аз давлати ин кишвар хост, дар равобити худ бо Исроил, таҷдиди назар кунад.

Ба гузориши радио ва телевизиони “Урду Саҳар”,  Мавлоно Ҳакимиддин Қосимӣ дар конфронси хабарӣ зимни интиқод аз сафари Бенямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ба Ҳинд, гуфт, режими саҳюнистӣ сарзамини фаластиниҳоро ғасб кардааст; Лизо давлати Ҳинд бояд сиёсати худро дар қиболи Исроил, тағйир диҳад.

Сафар шаши рӯзаи Бенямин Натаняҳу ба Ҳинд, хашму танаффури мардум, уламо ва раҳбарони созмонҳои исломии ин кишварро барангехтааст.

Пештар ҷамъе аз намояндагони маҷлис, уламо ва раҳбарони созмони исломӣ дар Ҳинд, дар баёнияе мухолифати худро бо сафари нахуствазири режими саҳюнистӣ ба Деҳлии Нав эълом карда буданд.