Январ 19, 2018 19:13 Asia/Dushanbe
  • Азми хонаводаҳои қурбониёни 11 сентябр барои дарёфти товон аз Арабистон

Бозмондагони қурбониёни ҳамалоти 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрико аз азми худ барои идомаи талошу шикояти муҷаддад алайҳи Арабистон дар бораи ин ҳамалот хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи “Алҷазира”, вукалои режими Арабистон дар додгоҳи федералии Манҳаттани Амрико севумин бор ба шикояти гурӯҳе аз хонаводаҳои қурбониёни ҳамалоти 11 сентябр алайҳи режими Риёз ба хотири кушта шудани се ҳазор нафар дар ин ҳамалот посух доданд.

15 тан аз 19 террористи ҳамалоти 11 сентябр шаҳрванди Арабистон будаанд.

Хонаводаҳои қурбониёни ин ҳамалот ва ширкатҳои бима мегӯянд, афроде аз режими Арабистон аз аносири вобаста ба “Алқоида”, ки бо рабудани ҳавопаймоҳо онҳоро ба Маркази тиҷорати ҷаҳонии Ню-Йорки Вазорати дифои Амрико ва мазрааҳое дар Пенсилвания кӯбиданд, ҳимоят мекарданд. Ин дар ҳолест, ки ба тозагӣ Риёз аз додраси амрикоие дархост кардааст, шакоёт алайҳи ҳимояти Арабистон аз авомили ҳамалоти ёздаҳуми сентябри соли 2001-ро дар Амрико рад кунад. Вукалои Саудӣ дар Амрико иддао карданд, дафтари таҳқиқоти федералӣ ва Ожонси истихбороти марказӣ дар Амрико то кунун натавонистаанд ба далоили раднопазире мабнӣ бар ҳимояти Риёз аз омилони ҳамалоти ёздаҳуми сентябр даст ёбанд.

Бисёре аз коршиносони сиёсӣ муътақиданд, фаъолиятҳои Арабистон дар дохилу хориҷ нишон медиҳад, ағлаби террористҳои минтақа ва ҷаҳон бо доштани асолати Саудӣ ё таҳти таъсири гароишҳои ваҳҳобии Арабистон аз ҳимояти молию таслиҳотии Оли Сауд бархурдоранд.