Давлати Амрико таътил шуд
Дар пайи нокомии Трамп дар ба тасвиб расондани лоиҳаи ҳаётии будҷа дар сенат, давлати Амрико таътил шуд.
Шабакаи телевизионии Си Эн Эн –и Амрико эълом кард, ниҳодҳои федералии Амрико таътил шуданд.
Си Эн Эн гузориш дод, дар ҳоле, ки фақат як сол аз оғози раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп мегузарад, ин кишвар ба иллати ихтилофи ду ҳизби аслии ҷумҳурихоҳ ва демократ бар сари будҷа ва таътилии фаъолиятҳои давлати федералӣ, вориди даврае пурталотум шудааст.
Ҷумҳурихоҳон, ки дар сенати Амрико бо 51 курсӣ аксариятро дар ихтиёр доранд, натавонистанд демократҳоро дар бораи лоиҳаи будҷа мутақоид кунанд то аз 100 раъйи мумкин 60 раъйи лозим барои тасвиби лоиҳаро ба даст оваранд ва дар натиҷа дар раъйгирии шаби гузашта фақат панҷоҳ раъй ба даст оварданд.
Дар ҳамин ҳол Соро Сандерз, сухангӯи Кохи Сафед мухолифони лоиҳаро ба бемасъулиятӣ муттаҳам кард ва гуфт, демократҳои сенат сиёсатро ба амнияти миллӣ тарҷеҳ доданд.
Сандерз бо ишора ба дархости демократҳо барои идомаи барномаи муҳоҷиратии Доко гуфт, Кохи Сафед дар ин бора музокира нахоҳад кард.
Доко барномае буд, ки бар асоси он навҷавонон ва кӯдаконе, ки ба сурати ғайриқонунӣ бо волидайни худ по ба Амрико гузошта буданд, иҷозаи кор ва зиндагӣ дар ин кишвар пайдо мекарданд.