Январ 20, 2018 16:59 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи содироти силоҳ аз Олмон ба Арабистон

Давлати Олмон эълом кард, содироти таслиҳот ба Арабистонро мутаваққиф мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Олмон”, Стефан Зайберт, сухангӯи давлати ин кишвар, эълом кард, Берлин ба суръат таҳияи таҷҳизоти низомиро барои тарафҳои даргир дар ҷанги Яманро мутаваққиф мекунад.

Арабистон ба унвони муҳиммтарин муштарии таслиҳоти олмонӣ, аз ҷумлаи ин тарафҳои даргир аст.

Ба гуфтаи Зайберт Шӯрои амнияти федералии Олмон дар ҳоли ҳозир наметавонд, муҷаввизе барои содироти силоҳ содир кунад, ки ҳамсӯ бо тавофуқҳо барои ташкили кобинаи эътилофӣ дар ин кишвар набошад.

Арабистон садҳо миллион таслиҳот аз Олмон харидорӣ мекунад ва ин дар шароите аст, ки беш аз панҷ ҳазор ғайринизомӣ дар ҳамалоти Арабистон ба Яман кушта шудаанд.

Арабистон ва Иморот, аз ҷумлаи 10 кишвари муҳимме ҳастанд, ки давлати Олмон дар соли 2016 барои содироти силоҳ ба ин ду кишвар, муҷаввиз содир карда буд.