Январ 22, 2018 13:42 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи муттаҳам ба фасоди ҷинсӣ аз Кумитаи ахлоқи маҷлиси намояндагони Амрико

Як узви ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагони Амрико, ки муттаҳам ба озори ҷинсӣ шудааст, аз Кумитаи ахлоқии ин маҷлис ихроҷ шуд.

Ба гузориши рӯзномаи “New York Times”, Patrick leo Meehan, намояндаи ҷумҳурихоҳи иёлати Пенсилвания дар Маҷлиси намояндагони Амрико, муттаҳам аст, ки яке аз дастёрони собиқи худро мавриди озори ҷинсӣ қарор дода ва сипас бо истифода аз пули молиётдиҳандагон, талош кардааст, то ҷилавӣ шикояти ин зани қурбониро бигирад.

 “New York Times”, бо истинод ба мусоҳиба бо 10 нафар, аз ҷумла дӯстон ва ҳамкорони собиқи ин зан навиштааст, ки ӯ дар тавофуқи пинҳонӣ, аз дафтари намояндагии Meehan пул мегирифтааст.

Ба думболи ифшои ин расвоии ҷинсӣ- молӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико, Meehan-ро аз узвият дар Кумитаи умури ахлоқии ин маҷлис барканор кард.

Дар моҳҳои гузашта бисёре аз чеҳраҳои сиёсӣ, синамоӣ ва расонаии Амрико бо иттиҳом суирафтори ҷинсӣ, алайҳи занон рӯбарӯ шуда ва то кунун чаҳор узви Конгресс ба далели ин гуна расвоиҳо, маҷбӯр ба истеъфо шудаанд.