Январ 23, 2018 12:50 Asia/Dushanbe
  • Ҷавоби радди ситораҳои синамои Ҳиндустон ба режими саҳюнистӣ

Шуморе аз ситораҳои матраҳи синамои Ҳиндустон аз ҳузур дар барномаи тарроҳишудаи режими саҳюнистӣ дар ин кишвар худдорӣ карданд.

Ба нақл аз шабакаи Тулуъ Ниюзи англисӣ, ҳунармандони ҳиндӣ аз ҷумла Салмонхон, Амирхон ва Шоҳруххон ба даъвати Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ барои ширкат дар барномаи ҳамандешии ин режим бо синамогарони ҳиндӣ ҷавоби рад доданд .

Нетаняҳу, ки дар Ҳинд ба сар мебарад, аз синамогарони ин кишвар хост, то аз имконоти молӣ ва фаннии режими саҳюнистӣ барои сохти филму сериал истифода кунанд, ки бо мухолифати ситораҳои саршиноси синамои Ҳиндустон мувоҷеҳ шуд .

Ситораҳои ёдшудаи синамои Ҳиндустон далели мухолифати худро ҳамроҳӣ бо миллати мазлуми Фаластин унвон кардаанд .

 Ин иқдом бо истиқболи густарда дар Ҳинду хориҷ аз ин кишвар мувоҷеҳ шудааст .

Мусулмонону озодихоҳон аз ин ситораҳои синамои Ҳинд ба унвони қаҳрамонии миллӣ ёд кардаанд .