Тардиди Тиллерсон дар бораи тағйир дар БарҶом
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28885-Тардиди_Тиллерсон_дар_бораи_тағйир_дар_БарҶом
Вазири умури хориҷаи Амрико дар мавриди тағйири эҳтимолӣ дар тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон (БарҶом) дар муҳлате, ки Трамп эълом кардааст, ибрози тардид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 23, 2018 11:08 Asia/Dushanbe
  • Тардиди Тиллерсон дар бораи тағйир дар БарҶом

Вазири умури хориҷаи Амрико дар мавриди тағйири эҳтимолӣ дар тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон (БарҶом) дар муҳлате, ки Трамп эълом кардааст, ибрози тардид кард.

Рекс Тиллерсон дар Лондон гуфт, мумкин аст Амрико натавонад нуқсҳои БарҶомро бамавқеъ рафъ кунад ва онро ба муҳлати таъйиншудаи Кохи Сафед бирасонад. Вазири умури хориҷаи Амрико таъкид кард: “Мо наметавонем барои дигарон ҷадвали замонӣ таъйин кунем”.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар замони тамдиди дубораи таъхири таҳримҳои ҳастаии Эрон дар иқдоме муғойир бо тавофуқи гурӯҳи 5+1 таҳдид кард, ки агар тайи 120 рӯз БарҶом тағйир накунад, таъхири таҳримҳои Эронро тамдид нахоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки се кишвари аврупоии тарафи музокироти БарҶом шомили Британия, Олмон ва Фаронса ҳамроҳ бо Иттиҳоди Аврупо, Русия ва Чин ҳар гуна музокираи муҷаддад дар мавриди БарҶомро рад кардаанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон низ бо сареҳтарин лаҳн эълом кардааст, ки на музокироти муҷаддад ва на тағйир дар санади БарҶомро намепазирад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷа мегӯяд, БарҶом қобили музокираи муҷаддад нест, ба ҳамин далел Амрико бояд ба ҷойи такрори лаффозиҳои куҳна, монанди Эрон ба тааҳҳудоташ бар асоси мафоди БарҶом амал кунад.

Бо ин ҳол, Тиллерсон дар сафар ба Аврупо дар талош аст барои бунбасти бархоста аз таҳдиди Трамп роҳкоре биёбад. Аз як тараф тамдид нашудани таъхири таҳримҳои Эрон ба манзалаи хуруҷи Амрико аз БарҶом ва марги тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон аст. Иттифоқе, ки дар зоҳир мавриди қабули мушовирони сиёсӣ-амниятии раиси ҷумҳурии Амрико, аз ҷумла вазири умури хориҷаи ин кишвар нест.

А сӯйи дигар, аз диди мақомоти амрикоӣ, акнун пойи ҳайсияти раиси ҷумҳурии Амрико дар миён аст ва агар баъд аз гузаштани муҳлати таъйиншуда, таъхири таҳримҳои Эрон муҷаддадан тамдид шавад, шикасти сангине барои Трамп ва Амрико рақам хоҳад хурд.

Ба ҳамин далел, амрикоиҳо умедворанд ҳадди ақал Аврупо бо гирифтани мавозеи сахт дар баробари он чӣ хатари фаъолиятҳои мушакиву минтақаии ҷумҳурии исломӣ хонда мешавад, ба Трамп барои хуруҷ аз ин бунбаст кумак кунад. Нишонаҳое низ аз ҳамсӯии Аврупо дар Амрико дар мавзӯоти ғайрибарҷомӣ дида шудааст.

Бо ин ҳол ва бо тавваҷуҳ ба мавозеи қотеи Аврупо дар ҳифзи БарҶом, дур аз интизор ба назар мерасад, ки дар тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон тағйироте ҳосил шавад.

Изҳороти Тиллерсон дар бораи расидан ба замони зарбулаҷал (фурсати ниҳоӣ)-и Трамп душвор хоҳад буд, нишонае аз ноумедии дастгоҳи дипломатии Амрико дар ин хусус аст.

Музокироте, ки Трамп хоҳони тағйир дар он шудааст, беш аз 10 сол ва дар миёни ҳафт кишвар ва бо ҳузури масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба намояндагӣ аз 28 кишвар ҷараён доштаву ҳосили кор дар қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал мавриди таъйиди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Бо тавваҷуҳ ба ин раванд, қобили интизор хоҳад буд, ки таҳдиди Трамп алайҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ натиҷаи матлубе барои давлати Амрико надошта бошад.