Январ 23, 2018 15:25 Asia/Dushanbe
  • Поёни муваққати таътилии давлати Амрико

Бо раъйи Маҷлиси намояндагон ва Сенати Амрико таътилии давлати ин кишвар ба таври муваққат поён ёфт.

Бо тасвиби лоиҳаи буҷети муваққат дар Маҷлиси намояндагон ва Сенати Амрико ва имзои Доналд Трамп, таътилии давлати федерал пас аз се рӯз ба таври муваққат поён ёфт .

Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи душанбе бо 266 раъйи мувофиқ, тарҳи таъмини ҳазинаҳои давлатро то ҳаштуми феврали 2018 тасвиб кард .

Сенаторҳо низ тарҳи буҷети муваққатро бо 81 раъйи мувофиқ тасвиб карданд .

Маҷлиси намояндагони Амрико пеш аз ин ҳам тарҳи мушобеҳеро барои идомаи кори давлат то 16 феврал тасвиб карда буд, ки ин тарҳ дар Сенат раъй наёвард ва ин вазъ ба таътилии давлати федерал аз рӯзи шанбе мунҷар шуд .

 

Барчасп