Январ 23, 2018 17:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми ҳабс барои вазири кореяӣ ба ҷурми таҳияи “феҳрасти сиёҳ”

Вазири фарҳанги собиқи Кореяи Ҷанубӣ дар додгоҳи таҷдиди назари Сеул ба ҷурми нақш доштан дар таҳияи “феҳристи сиёҳ”-и ҳунармандон ба ду соли ҳабс маҳкум шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ҳукми ду сол ҳабси Чу Юн Сун (Cho Yoon-Sun) рӯзи сешанбе дар додгоҳи таҷдиди назари Сеул ба ҷурми таҳияи “феҳристи сиёҳ”-и муташаккил аз номи 10 ҳазор ҳунарманди мунтақиди Пак Геун Ҳай (Park Geun-Hye), раисҷумҳури барканоршудаи Кореяи Ҷанубӣ таъйид шуд. Додгоҳи таҷдиди назари Сеул ҳамчунин ҳукми ҳабси Ким Ки Чун (Kim Ki-Choon), раиси дафтари раисҷумҳури собиқи Кореяи Ҷанубиро аз се сол ба чаҳор сол афзоиш дод. Хонум Чу Юн Сун ва ҷамъе аз масъулони собиқи давлати Пак Геун Ҳай ҳудуди як сол пеш ба иттиҳоми сӯистифода аз қудрат боздошт шуда буданд.

Раисҷумҳури барканоршудаи Кореяи Ҷанубӣ пас аз моҳҳо эътирози мардум ба далели фасоди молӣ ва сӯистифодаи ӯ аз қудрат ба нафъи дӯсти қадимияш дар парлумони ин кишвар бозхонд ва сипас барканор шуд.

 

Барчасп