Идомаи гаравгонгирӣ дар пойтахти Арманистон
(last modified Mon, 18 Jul 2016 09:03:37 GMT )
Июл 18, 2016 14:03 Asia/Dushanbe
  • Идомаи гаравгонгирӣ дар пойтахти Арманистон

Гаравгонгирӣ дар пойтахти Арманистон, ки аз дирӯз оғоз шуда, ҳамчунон идома дорад ва полис дар ҳоли музокира бо гаравгонгирон аст, ки аз мухолифони давлати Арманистон ҳастанд ва озодии яке аз ҳамҳизбиҳои худро хосторанд.

Гаравгонгирон дар Ереван, пойтахти Арманистон, ки аз субҳи рӯзи якшанбе дар яке аз марокизи полиси ин шаҳр оғоз шуд, ҳамчунон идома дорад.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, бештари гаравгонгирҳо аъзои Ҳизби Парлумон муассис ҳастанд ва бар асоси охирин хабари расмӣ, ҳамакнун шаш полис дар асорати онон ба сар мебаранд.

Ором Ҳакопиён, яке аз гаравгонгирҳо дар тамосии телефонӣ бо хабарнигорон гуфтааст: Оромиши нисбӣ дар дохили мақарри полис ҳоким аст ва ҳечкас хостори хунрезӣ нест.

Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки имрӯз ин мавзуъ ҳалл шавад.

Муҳимтарин хостаи гаравгонгирҳо озодии Жирайр Сефилиян, бунёнгузори Ҷунбиши Палумони муассис аст, ки як моҳ пеш ба иттиҳоми созмондеҳии амалиёти мусаллаҳона алайҳи ниҳоде давлатӣ дастгир шуд.

Ин дар ҳолест, ки муовини раиси полиси Арманистон эълом кардааст, ки имкони озодии Сефилиян вуҷуд надорад.

Дар паи амалиёти полис барои озодии гаравгонҳо ду тан аз онон озод шуданд, як гаравгон кушта шуд ва ду нафари дигар захмӣ шуданд, ки дар бемористон ба сар мебаранд.