Январ 24, 2018 18:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи иқтисодии Трамп ба тиҷорати ҷаҳонӣ

Раисҷумҳури Амрико дар нахустин гом аз амалӣ кардани шиори “аввал Амрико” бар воридоти мошинҳои шуянда ва сафаҳоти хуршедӣ тарифа вазъ кард.

Доналд Трамп пас аз иттихози ин тасмим гуфт: Иқдомоти давлат боиси иштиғолзоӣ дар Амрико шуда ва бо ин тарифаҳо, аз ширкатҳои амрикоӣ, ки ба шиддат осеб дидаанд, ҳимоят хоҳад шуд .

Пешбинӣ мешавад, бар сафаҳоти хуршедии воридотӣ то 30 дарсад тарифа эъмол шавад.

Ҳамчунин Трамп ваъда додааст, ки бо эъмоли тарифа бар воридоти мошинҳои шуянда, ширкатҳои тавлидкунандаи Кореяи Ҷанубӣ хутути тавлиди худро ба дохили Амрико мунтақил кунанд.

Трамп дар талош аст, дар қолаби шиорҳое ҳамчун “аввал Амрико” ва “амрикоӣ бихар, амрикоӣ истихдом кун”, аз тавлиди дохилӣ дар ин кишвар ҳимоят ва фурсатҳои шуғлии ҷадидеро барои коргарони бекори амрикоӣ эҷод кунад.

Вай ба унвони намояндаи ҷарёни миллигарои иқтисодӣ дар ин кишвар борҳо ҳушдор додааст, ки қавоиди тиҷорати озоди ҷаҳонӣ ва қарордодҳои чандҷониба ҳамчун Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ, паймони НАФТА ва Паймони мушорикати транс-пасифик, ғайримунсифона ва ба зарари тавлидкунандагони амрикоӣ аст.

Дар чорчуби ҳамин нигариш, Трамп дар ҳафтаҳои нахусти истиқрор дар Кохи Сафед, хуруҷи Амрико аз мушорикати транс-пасификро эълом ва сипас таҳдид кард, бидуни таҷдиди назари асосӣ дар НАФТА (Паймони тиҷорати озоди минтақаи Амрикои шимолӣ) Амрико аз ин паймон хориҷ хоҳад шуд.

Акнун низ бо эъмоли тарифаҳо бар колоҳои умдатан сохти Чину Кореяи Ҷанубӣ, ба ҷанги тиҷорӣ бо дигар шуракои Амрико рафтааст.  

Кишварҳои мутазаррир аз сиёсатҳои ҳимоятгаронаи “аввал Амрико” таҳдид кардаанд, ки аз иқдомоти муғойир бо тавофуқоти байналмилалии Вашингтон, ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ шикоят хоҳанд кард.

Дур аз интизор аст, ки ин созмон аз тавони кофӣ барои боздоштани Амрико аз сиёсатҳои ҳимоятгарона бархурдор бошад.

Пешбинӣ мешавад, ки даври ҷадиде аз ҷангҳои тиҷорӣ аз сӯи дигар қудратҳои бузурги арсаи иқтисоди байналмилал ба мавриди иҷро гузошта шавад.

Пирӯзӣ дар чунин ҷанге бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти сохтории иқтисоди Амрико, аз ҷумла масрафгароии ифротии шаҳрвандони амрикоӣ, чандон муҳтамил ба назар намерасад .