Январ 25, 2018 14:16 Asia/Dushanbe
  • Зиёндеҳии миллиардии бузургтарин мошинсози Амрико

“Ҷенерал Моторз”, бузургтарин ширкати мошинсозии Амрико 10 миллиард доллар зиёни иқтисодӣ дидааст.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, гурӯҳи санъатии “Ҷенерал Моторз” (General Motors) дар се моҳи охири соли 2017 ба мизони панҷ дарсад, муодили 10 миллиард доллар зиён дидааст.

Ширкати “Ҷенерал Моторз” иллати ин зиёндеҳии худро ҳазинаи болои пӯшиши хисорати бима ва молиёт эълом кард.

Ин ширкати бузурги амрикоӣ иллати зиёндеҳии дигари худро коҳиши судоварии бахши сохти таҷҳизоти тавлиди барқ эълом кард ва афзуд, даромади “Ҷенерал Моторз”  дар ин бахш 88 дарсад коҳиш ёфтааст.

“Ҷенерал Моторз”  пас аз буҳрони молии соли 2009 ба далели мушкилоти молии бархоста аз дастмузди коркунон, мизони тавлид ва нирӯи кори худро коҳиш дод.

 Бар асоси ин гузориш, “General Electric”  яке дигар аз ширкатҳои бузурги амрикоӣ низ дар се моҳи чаҳоруми соли гузаштаи 2017 ҳудуди 10 миллиарду 10 миллион доллар зиён дидааст.