Январ 25, 2018 14:22 Asia/Dushanbe
  •  Суқути ҷойгоҳи Амрико дар феҳристи “Беҳтарин кишварҳо”

Амрико дар рутбабандии “Беҳтарин кишварҳо” дар соли 2018 дар ҷойгоҳи ҳаштум қарор гирифт.

Ба гузориши ширкати расонаии U.S. News & World Report, ин дувумин сол паёпай аст, ки рутбаи Амрико дар ин феҳрист коҳиш меёбад.

Амрико дар соли 2017 дар рутбаи ҳафтум ва Швейтсария дувумин сол аст, ки дар ҷойгоҳи беҳтарин кишвари ҷаҳон қарор гирифт.

Канада, Олмон, Британия ва Ҷопон кишварҳои баъдии ин феҳрист ҳастанд.

Ин расонаи амрикоӣ коҳиши рутбаи ин кишварро бо иқдомоти сиёсатҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳурӣ муртабит дониста ва гузориш додааст, аз назари дигар кишварҳо бо рӯйи кор омадани Трамп камтар метавон ба Амрико эътимод кард ва суботи ин кишвар коҳиш ёфтааст.

Ин гузориш ба иқдомоти Трамп барои хориҷ кардани Амрико аз Тавофуқномаи обу ҳавои Париж ва лаффозиҳояш алайҳи Кореяи Шимолӣ ишора кардааст.

 

 

Барчасп