Кушта шудани 38 тан дар зилзилаи Италия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i2905-Кушта_шудани_38_тан_дар_зилзилаи_Италия
Зилзилаи  6-риштерии Италия 38 кушта бар ҷо гузошт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 24, 2016 18:03 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 38 тан дар зилзилаи Италия

Зилзилаи  6-риштерии Италия 38 кушта бар ҷо гузошт.

Ба гузориш ИРНА, сухангӯи Созмони дифои ғайринизомии Италия эълом кард: Ин зилзила ба қудрати 6 рештар, бомдоди имрӯз, чаҳоршанбе миёни ду вилояти "Умбрия" ва "Латсио" дар Италия рӯй дод.

Дар пайи афзоиши шумори талафоти ин зилзила, Маттео Рентси -нахуствазири Италия ҳолати фавқулодаи миллӣ эълом кард.

Ба навиштаи рӯзномаи "La Repubblica", шиддати заминларза ба ҳадде буд, ки дар шаҳри Рум - пойтахти Италия низ баъзе биноҳо ларзиданд. Талоши гурӯҳҳои имдод ва наҷот барои ёфтани ҷасад ва ё афроди зиндамонда дар зери харобаҳо идома дорад.