Инфиҷор дар Кобул бо 260 кушта ва захмӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i29107-Инфиҷор_дар_Кобул_бо_260_кушта_ва_захмӣ
Дар инфиҷори имрӯз дар Кобул, пойтахти Афғонистон 260 нафар кушта ва захмӣ шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 27, 2018 20:04 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар Кобул бо 260 кушта ва захмӣ

Дар инфиҷори имрӯз дар Кобул, пойтахти Афғонистон 260 нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Бар асари инфиҷори худрави бомбгузорӣ шуда дар яке аз хиёбонҳои маркази шаҳри Кобул, дастикам 60 нафар кушта ва 200 нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Пеш аз ин шумори талафот 40 нафар ва захмиҳо 140 нафар эълом шуда буд.

Ин инфиҷор наздики сафоратхонаҳои хориҷӣ ва биноҳои давлатӣ дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон рух дод.

Ин дуввумин ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Кобул дар як ҳафта гузашта, маҳсуб мешавад.

Дар ҳамлаи террористии ҳафтаи гузашта ба меҳмонхонаи “Intercontinental”-и Кобул беш аз 43нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Гурӯҳи Толибон масъулияти ҳарду ҳамлаи террористии шаҳри Кобулро бар ӯҳда гирифтааст.