Нигаронии созмонҳои имдодрасони Афғонистон аз таҳаррукоти террористии ДИИШ
Созмонҳои имдодрасон дар Афғонистон эълом карданд, нигарони таҳаррукоти террористии ДИИШ ҳастанд.
Ба гузориши расонаҳои Афғонистон, созмонҳои имдодрасон дар ин кишвар эълом карданд, таҳаррукоти террористии ДИИШ, фаъолияти созмонҳои имдодрасон дар Афғонистонро бо таҳдид, мувоҷиҳ кардааст.
Ба ҳамин иллат, теъдоде аз ин созмонҳо дар ҳоли таҷдидиназар дар хусуси фаъолияти худ дар Афғонистон ҳастанд.
Бархе хабарҳо ҳокӣ аз таваққуфи фаъолияти даҳ ниҳоди имдодрасон ба далели афзоиши таҳдидҳои амниятӣ, дар Афғонистон аст.
Ҳафтаи гузашта гурӯҳи террористии ДИИШ, ба Муассисаи байналмилалии ҳимоят аз кӯдакон дар шаҳри Ҷалолобод, маркази устони Нангарҳор (шарқи Афғонистон) ҳамла карданд, ки бар асари он даҳҳо тан кушта ва захмӣ шуданд.
Пас аз ин ҳамла, Муассисаи байналмилалии ҳимоят аз кӯдакон, фаъолияти худро дар Афғонистон ба ҳолати таълиқ даровард.