Январ 29, 2018 12:36 Asia/Dushanbe
  • Дархости муҳаққиқони мусулмон аз ҷаҳони Ислом

Муҳаққиқони мусулмони ширкаткунанда дар конфронси “Ал-Ақсо” дар Малайзия, қатъи равобити сиёсӣ-иқтисодии кишварҳои исломиро бо режими саҳюнистӣ хостор шуданд.

Ба гузориши ИРНА, ин қатъномаро муҳаққиқони мусулмон шомгоҳи якшанбе дар шаҳри Путраҷайяи Малайзия ва дар поёни конфронси  “Ал Ақсо”, содир карданд.

Муҳаммад Хайриддин Амон Розолӣ, мудири иҷроии ин конфронс дар бораи қатъномаи поёнии конфронс ба хабарнигорон гуфт, ҳадаф аз судури ин қатънома, эътироз ба раванди оддсозии равобит бо режими саҳюнистӣ аст, ки ҳокимони бархе аз кишварҳои арабӣ дар пеш гирифтаанд.

Розолӣ, ки мудири Маркази мутолиоти роҳбурдии Ҳизби исломии “Пос”-и Малайзия низ ҳаст, афзуд, танҳо роҳи озодии Қудс ин аст, ки ҳар навъ равобити сиёсӣ, тиҷорӣ, омӯзишӣ бо режими саҳюнистӣ қатъ шавад.