Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба Академияи низомии Кобул
https://parstoday.ir/tg/news/world-i29185-Ҳамлаи_афроди_мусаллаҳ_ба_Академияи_низомии_Кобул
Дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба Донишгоҳи низомии Кобул-пойтахти Афғонистон, ду низомии афғон кушта шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 29, 2018 10:52 Asia/Dushanbe

Дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба Донишгоҳи низомии Кобул-пойтахти Афғонистон, ду низомии афғон кушта шуданд.

Ба гузориши “Associated Press”, Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт, субҳи душанбе аносури террористӣ бо ҳамла ба Академияи низомии маршалл Муҳаммадқасим Фаҳими Кобул, бо неруҳои ин марказ даргир шуданд, ки бар асари он, ду низомӣ кушта ва даҳ низомии дигар захмӣ шуданд.

Дар ин даргирӣ, се нафар аз афроди мусаллаҳ ба ҳалокат расиданд ва як нафари дигар ҳам боздошт шуд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамлаи террористиро бар ӯҳда гирифт.

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба Академияи низомии маршалл Муҳаммадқасим Фаҳими Кобул дар ҳоле аст, ки рӯзи шанбе низ бар асари инфиҷори худрави бомбагузори шуда дар шаҳри Кобул, беш аз сад нафар кушта ва 200 нафар захмӣ шуданд.

Гурӯҳи Толибон масъулияти инфиҷори худрави бомбагузори шуда, дар Кобулро ба ӯҳда гирифта буд.