Январ 30, 2018 19:13 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Бо Толибон музокира намекунем

Раисҷумҳури Амрико гуфт, Вашингтон бо гурӯҳи Толибон музокира намекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Доналд Трамп рӯзи душанбе дар дидор бо бархе аз аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар Кохи Сафед афзуд, он чӣ Вашингтон бояд дар Афғонистон онро ба поён бирасонад, дар ҳоли иҷро аст. Трамп дар ин замина тавзеҳи бештаре надод.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ин матлабро дар пайи инфиҷорҳои ахири шаҳри Кобул, ки садҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт, баён кард. Толибон ағлаби масъулияти чунин инфиҷорҳоро ба уҳда мегирад.

Изҳороти Трамп дар ҳолест, ки ӯ дар роҳбурди ҷадидаш дар моҳи августи соли гузашта аз мубориза бо терроризм сухан гуфта буд ва роҳбурди ӯ боиси шиддат ёфтани ноамнӣ дар Афғонистон шудааст. Ҳиллари Клинтон, рақиби интихоботии Доналд Трамп дар даврони таблиғоти раёсатҷумҳурии Амрико бо сароҳат аз ташкили Толибон ба дасти ин кишвар барои муқобила бо ҳузури Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон сухан гуфта буд.