Январ 30, 2018 22:04 Asia/Dushanbe

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл эълом кард, Вашингтон дар талош аст, бо эъломи фаврии гузориши таҳримҳои худ зидди Русия ба интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, ки моҳи марти соли 2018 баргузор мешавад, таъсир бигузорад. Ба гуфтаи Песков, ин иқдом, дар воқеъ, "талоши ғайридӯстона" барои мунҳариф кардани ин интихобот аст.