Январ 31, 2018 20:33 Asia/Dushanbe
  • Русия ба “феҳристи Кремлин”-и Амрико посухи муносиб медиҳад

Мақомоти парлумонии Русия таъкид карданд, Маскав посухи муносибе ба “феҳристи Кремлин”-и Вазорати хазонадории Амрико хоҳад дод.

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсияи Русия гуфт: Бо баррасии феҳристи таҳримии Вазорати хазонадории Амрико ба он посухи муносиб хоҳем дод .

Сергей Кисляк, муовини аввали Кумитаи умури байналмилали Шӯрои федератсияи Русия низ гуфт: “Ин гузориш дар воқеъ баёнияи сиёсии Амрико дар мухолифат бо тамомии раҳбарони сиёсӣ ва иқтисодии Русия аст ва метавон гуфт, ки ҳар ду ҷиноҳи сиёсӣ дар иёлоти муттаҳида дар масири воҳиди муқобила бо Русия қарор гирифтаанд”.

Вазорати хазонадории Амрико гузоришеро бо унвони “феҳристи Кремлин” барои таҳрим ба Конгресс ироа кард, ки дар он номи 210 нафар аз афроди наздик ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қайд шудааст .

Амрико аз соли 2011 таҳримҳоро зидди Русия оғоз кард ва аз соли 2014 низ бо пеш омадани буҳрони Украина чанд бастаи таҳрими молӣ ва иқтисодии дигар зидди Маскав вазъ кард .

 

Барчасп