Ихроҷи беш аз сад ҳазор корманди давлат дар Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i29343-Ихроҷи_беш_аз_сад_ҳазор_корманди_давлат_дар_Туркия
Муовини нахуствазири Туркия гуфт, пас аз кудатои нофарҷоми 15 –уми июли соли 2015-и ин кишвар 110 ҳазору 778 нафар аз коркунони дастгоҳҳои давлатӣ ихроҷ шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 01, 2018 10:23 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи беш аз сад ҳазор корманди давлат дар Туркия

Муовини нахуствазири Туркия гуфт, пас аз кудатои нофарҷоми 15 –уми июли соли 2015-и ин кишвар 110 ҳазору 778 нафар аз коркунони дастгоҳҳои давлатӣ ихроҷ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Анатолия”-и Туркия, Бекир Буздоғ, муовини нахуствазир ва сухангӯи давлати Туркия рӯзи чаҳоршанбе афзуд, ихроҷи ин афрод дар чорчӯби бахшномаҳое, ки дар ҳукми қонуни ҳайати давлати Туркия аст, сурат гирифт.

 Буздоғ таъкид кард, давлати Туркия ибтидо мойил буд ҳолати фавқуллода пас аз муддати кӯтоҳе поён ёбад, аммо таҳаввулоти баъдӣ ва ниёз ба тамдиди ҳолати фавқуллода барои муборизаи муассир бо гурӯҳи Гюлен боис шуд ҳолати фавқуллода барои шашумин бор дар Туркия тамдид шавад.

Дар ҳамин пайванд додситонии Қуния низ имрӯз, панҷшанбе ҳукми боздошти 120 нафари дигарро ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳи Гюлен содир кард.

Давлати Туркия Фатҳуллоҳ Гюленро омили кудатои 15-уми июли соли 2016 дар ин кишвар медонад, аммо Гюлен борҳо дахолат дар ин кудаторо рад кардааст.