Феврал 01, 2018 17:55 Asia/Dushanbe
  • Гузориши ЮНИСЕФ дар мавриди бесаводии ҷавонон

Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) эълом кард, 59 миллион нафар аз ҷавонони конунҳои буҳронии ҷаҳон, бесаводанд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дар гузориши ЮНИСЕФ омадааст, аз ҳар 10 ҷавони манотиқи буҳронии ҷаҳон дар гурӯҳҳои синнии 15 то 24, се тан тавоноии хондан ва навиштан надоранд.

Бар асоси ин гузориш, кишварҳои Нигер, Чад, Судони Ҷанубӣ ва ҷумҳурии Африқои Марказӣ ба тартиб дорои болотарин нархи бесаводӣ ҳастанд.

Ин гузориш меафзояд, кишварҳои дорои нархи бесаводӣ, таърихи тӯлонӣ дар бесуботӣ ва фақр доранд.

Стивен Дуджарик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ин оморҳоро нишондиҳандаи таъсири буҳронҳо бар омӯзиши кӯдакон дониста ва гуфтааст, ЮНИСЕФ дарсадад аст, дар чаҳор соли оянда, як миллиард доллар ба ҳазинаҳои омӯзишӣ ихтисос диҳад.