Хунсо кардани тарҳи ҳамлаи террористии ДИИШ дар Русия
(last modified Thu, 01 Feb 2018 14:03:29 GMT )
Феврал 01, 2018 19:03 Asia/Dushanbe
  • Хунсо кардани тарҳи ҳамлаи террористии ДИИШ дар Русия

Як узви ДИИШ, ки дар ҳоли тадоруки ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Нижний Новгороди Русия барои 18 декабр, рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар буд, ба ҳалокат расид.

Ба гузориши “Спутник”, Сервиси амнияти федерали Русия (ФСБ) дар баёнияе эълом кард, ин узви гурӯҳи террористии ДИИШ, ки ҳангоми боздошт, муқовимати мусаллаҳона мекард, ба дасти неруҳои вижаи ин ниҳод кушта шуд.

Ин баёния афзуд, дар ин амалиёт як бомби дастсози бисёр қавӣ, маводи мавриди ниёз барои сохти бомбаҳои дигар ва чанд қабза силоҳи гарм ва муҳиммоти кашфу забт шуд.

Бино бар эъломи Додситонии кулли Русия, дар як соли ахир, ҳамалоти террористӣ дар ин кишвар 16 дарсад коҳиш дошта, аммо теъдоди ҷинояткорон ҳудуди 34 дарсад афзоиш ёфтааст.