Феврал 03, 2018 11:35 Asia/Dushanbe
  • Бекор кардани маҳрумияти 28 варзишкори русӣ

Додгоҳи Ҳакамияти варзиш "Court of Arbitration for Sport (CAS)" , маҳрумияти 28 тан аз 43 варзишкори русро, ки ба иттиҳоми допинг дар олимпиадаи Сочӣ модомул умар маҳрум шуда буданд, бекор кард.

Ба гузориши шабакаи телевизионии СНН, ин додгоҳ эълом кард: Шавоҳид ва мадорики кофӣ барои исботи допинги 28 нафар аз варзишкорони рус, ки аз суи Кумитаи байналмиллалии олимпиада модомул умр маҳрум шудаанд, дар ихтиёр надорад.

Бар асоси ин ҳукм маҳрумяти 15 варзишкори дигари рус ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ мондааст.

Димитрӣ Песков- сухангӯи Кремлин бо ибрози хурсандӣ аз бекор кардани ин ҳукм бар идомаи пуштибонӣ ва ҳимоят аз варзишкорон дар маҷмаъҳои қазоӣ ва ҳуқуқӣ таъкид кард.

Кумитаи  байналмиллалии олимпиада дар вокуниш ба ин раъй эълом кардааст бекор кардани  маҳрумияти ин варзишкорон ба манзилаи давъвати онҳо барои ширкат дар бозиҳои зиминстонии Пиюнг-Чонг нест.

Бозиҳои олимпиадаи зимистонии 2018 аз 9 то 25 феврал дар Пиюнг-Чонг-и Корияи ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп