Феврал 03, 2018 18:04 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳурот дар Ҳинд ва Индонезия зидди Оли Сауд

Мусулмонони Ҳинд ва Индонезия бо баргузории тазоҳурот зидди Оли Сауд, мушорикатдодани кишварҳо ва созмонҳои исломиро дар идораи маросими Ҳаҷ, хостор шуданд.

Дар чаҳорчӯби маъракаи ҷаҳонии ҷилавгирӣ аз сиёсӣ кардани амокини муқаддас, тазоҳуроти густурдае дар Деҳлии Нав, пойтахти Ҳинд ва Ҷакарта- пойтахти Индонезия, алайҳ иқдомоти мақомоти Саудӣ дар сиёсӣ кардани маносики Ҳаҷ баргузор шуд.

Ширкаткунандагон дар ин тазоҳуроти густурда дар шаҳри Деҳлии Нав- пойтахти Ҳинд, иқдомоти мақомоти Оли Сауд дар сиёсӣ кардани маносики Ҳаҷро маҳкум карданд.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи байналмилалии назорат бар мудирияти Арабистон дар маносики Ҳаҷ, низ таҷаммӯи эътирозомезеро дар баробари сафорати Арабистон дар Ҷакарта, баргузор кард.

Ширкаткунандагон дар ин таҷаммӯъ шеваи мудирияти Арабистон дар Ҳарамайни шарифайн- Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввараро маҳкум ва онро шикастхӯрда, тавсиф карданд.

Ширкаткунандагон дар ин таҷаммӯъ плакатҳое алайҳи Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ дар даст доштанд ва вайро диктатор хонданд.

Ҳукумати Саудӣ, тайи солҳои ахир шаҳрвандони эронӣ, сурӣ, яманӣ ва ахиран низ шаҳрвандони қатариро ба баҳонаҳои мухталиф аз анҷоми фаризаи Ҳаҷ маҳрум кардааст.

 

Барчасп