Феврал 06, 2018 14:49 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти муҳоҷироне, ки натавонанд ба забони русӣ савганди садоқат ёд кунанд

Мақомоти Русия эълом карданд, бо муҳоҷироне, ки савганди садоқат ба ин кишварро нақз кунанд, бархурди шадид хоҳанд кард.

Ба гузориши нашрияи русии “Независимая газета”, дар моҳҳои гузашта теъдоде аз муҳоҷирони хоҳишманди шаҳрвандии Русия дар вилоятҳои Новосибирск, Челябинск ва Оренбург натавонистанд савганди садоқат ба Русияро ба забони русӣ адо кунанд, ки дар натиҷа муҷозоти ҳуқуқӣ ва молӣ ва ҳатто ихроҷ аз қаламрави Русия дар интизори онон аст.

 Хадамоти умури муҳоҷирати Русия бидуни ишора ба ҳувияти нақзкунандагони савганди садоқат ба ин кишвар, танҳо эълом карданд, яке аз мароҳили аслии эътои шаҳрвандии Русия ба муҳоҷирони хориҷӣ тасаллут ба забони русӣ ва адои савганди садоқат ба забони расмии Русия аст.

 Тибқи омори манобеи расмии Русия, соли гузашта 29 ҳазор нафар аз муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ тобеияти Русияро дарёфт кардаанд.

Дар маҷмуъ низ 258 ҳазор нафар аз муҳоҷирони хориҷӣ дар соли 2017 шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.