Феврал 06, 2018 20:57 Asia/Dushanbe
  • Полша вазири режими саҳюнистиро роҳ надод

Мавзеи зиддиполшавии вазири омӯзиши режими Исроил боис шуд, то Варшава сафари ӯро ба Полша лағв кунад.

Дар паи суханони Нафтали Беннетт, вазири омӯзиши режими Исроил, ки мардуми Полшаро ба ҳамдастӣ дар куштори яҳудиён дар замони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ муттаҳам кард, давлати Полша сафари барномарезӣ шудаи вайро лағв кард .

Ҷоанна Купсинска, сухангуи давлати Полша дар шабакаи телевизионии ин кишвар гуфт: “Чунин дидоре вуҷуд нахоҳад дошт”.

Парлумони Полша ҳафтаи гузашта қонунеро тасвиб кард, ки эъломи инки Полша дар воқеаи Ҳолокост даст доштааст, ҷурм маҳсуб мешавад .

 

Барчасп