Таътилии бурҷи Эйфел дар пайи бориши шадиди барф+акс
(last modified Thu, 08 Feb 2018 08:08:13 GMT )
Феврал 08, 2018 13:08 Asia/Dushanbe
  • Таътилии бурҷи Эйфел дар пайи бориши шадиди барф+акс

Бино бар эъломи манбаъҳои расмии Фаронса, идома ёфтани бориши барф тайи ду рӯзи гузашта дар пойтахти ин кишвар боиси таътилии бурҷи Эйфел шуд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Фаронса, боздидкунандагони бурҷи Эйфел ба иллати шиддати бориш ва баста шудани бурҷи Эйфел танҳо муваффақ ба боздид аз маҳватаи бурҷ шуданд.

Ба гуфтаи шабакаи телевизионии Франс-24, минтақаҳои марказии Фаронса дар рӯзҳои оянда бо сармои қутбӣ ру ба ру хоҳанд шуд; зимни инки пешбинӣ мешавад дар рӯзҳои оянда сардии ҳаво то даҳ дараҷа зери сифр коҳиш ёбад.

Созмони ҳавошиносӣ низ эълом кардааст: Мавҷи сармо ин ҳафта Аврупоро дар менавардад ва бо афзоиши масрафи барқ эҳтимол меравад, ки Фаронса ва Белгия бо қатъии барқ ру ба ру шаванд.

Ба гуфтаи мақомоти дахлдор, 28 идора дар Фаронса аз ҷумла ҳашт идора дар Порис дар минтақаҳое қарор гирифтаанд, ки дар шароити ҳушдори обу ҳавоӣ ҳастанд.