Номаи бритониёиҳо барои лағви даъват аз валиаҳди Арабистон
Шумори имзоҳои номаи дархости лағви сафари Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон ба Лондон, аз марзи 10 ҳазор гузашт ва бад-ин тартиб давлати Бритониё муваззаф аст, ба он посух диҳад.
Тибқи охирин омори мунташир шуда дар торномаи парлумони Бритониё, то субҳи рӯзи панҷшанбе 10 ҳазору 47 шаҳрванди бритониёӣ номаи дархости лағви сафари ибни Салмон ба Лондонро имзо кардаанд ва ин рақам ба суръат дар ҳоли афзоиш аст.
Дар ин нома, ки бар торномаи парлумон қарор дода шуда, омадааст, режими Арабистон бадтарин омори нақзи ҳуқуқи башарро дар дунё дорад ва беш аз 100 нафарро танҳо дар соли 2017 милодӣ, эъдом кардааст.
Ин нома меафзояд, Муҳаммад ибни Салмон ҳамла алайҳи Яманро ҳидоят кардааст, ки бар асари он токунун даҳҳо ҳазор тан кушта ва захмӣ шудаанд.
Тереза Мэй, нахуствазири Бритониё ноябри 2017 Муҳаммад ибни Салмон валиаҳди Арабистони Саудиро барои дидор аз кишвараш даъват кард.
Ин сафар қарор буд, моҳи феврали 2018 сурат гирад, аммо ҳароси мақомҳои Саудӣ аз хашми афкори умумӣ дар Бритониё сабаб шуд, то ӯ ҳам ба сарнавишти Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, дучор шавад ва барномаи сафаршро як моҳ ба таъхир биандозад.