Пулиси Шотландия ҳиҷобро ба либоси расмии худ изофа кард
Пулиси Шотландия эълом кард, дар ростои ташвиқи занони мусулмон барои пайвастан ба пулис, либоси ҷадиде мунтабиқ бо ҳиҷоб тарроҳӣ шудааст.
Афсарони мусулмон пеш аз ин барои доштани ҳиҷоб бояд мувофиқати масъулонро касб мекарданд, аммо акнун ҳиҷоб ба таври расмӣ барои либоси пулис дар назар гирифта шудааст.
Анҷумани мусулмонони пулиси Шотландия, ки барои барқарори иртибот наздиктар бо ақаллият мусулмон дар ин кишвар дар сол 2010 роҳандози шуд, аз ин иқдом истиқбол кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Фэил Гормли, раиси пулиси Шотландия, дар ин бора гуфт, "нерӯҳои пулис бояд намояндаи ҷомиае бошанд, ки ба он хидма мекунанд".
Вай идома дод, эъломи ин масъала маро хушҳол мекунад ва аз ҳимояти ҷомеа бавижа ҷомеаи мусулмонон ва ҳамчунин афсарони пулис ва кормандон истиқбол мекунем.
Вай афзуд, умедворам афзудани гузинаи ҳиҷоб ба либоси пулис, ба пайвастани афроди бештаре кӯмак карда ва ба маҳоратҳои зиндагӣ, таҷориб ва тавоноиҳои шахсӣ, ки маъмурони пулис барои хидмат ба ҷомеа бояд дошта бошанд, бифзояд.
Гузорише, ки авоили соли ҷорӣ ба идораи пулиси Шотландия ироа шуда буд, ҳикоят аз он дошт, ки чаҳор ҳазору 809 зан дар солҳои 2015 ва 2016 хостори пайвастан ба пулис буданд.
Бино бар ин гузориш, 127 нафар аз ин мутақозён аз ақаллиятҳои қавмӣ будаанд.
Дар ҳамин ҳол, Фаҳд Башир-раиси Анҷуман мусулмонони пулиси Шотландия, ин иқдомро "гоме мусбат ва дар масири саҳеҳ" баршумурд ва афзуд, бидуни шак ин иқдом боиси ташвеқи бонувон мусулмон ва ақаллиятҳои мазҳабӣ ва қавмии дигар барои пайвастан ба пулис мешавад. Ин дар ҳолест, ки идораи пулиси Англис дар соли 2001, ҳиҷобро ба либоси расмии худ изофа карда буд.