Феврал 09, 2018 21:51 Asia/Dushanbe
  • Фирори давлати Амрико аз таътилии дубора

Раисҷумҳури Амрико барои фирор аз таътили давлат, лоиҳаи буҷаи муваққатро имзо кард.

 Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Доналд Трамп рӯзи ҷумъа бидуни ишора ба эҳтимоли таътилии давлат дар сурати тасвиб нашудани будҷа дар Конгреса, дар як паёми тветтирӣ навишт: Ин тарҳ имзо шуд ва дар ин шароит артиш қавитар хоҳад шуд.

Маҷлиси намояндагони Амрико имрӯз тарҳи Сенатро барои таъмини буҷаи муваққати федерал тасвиб кард ва бад-ин тартиб давлати Амрико аз таътилӣ наҷот ёфт.

 Ин тарҳ, ки ба таври муваққат манбаъҳои молии федералии Амрикоро то 23 марти 2018 таъмин мекунад, бо 234 раъйи мувофиқ ва 183 раъйи мухолиф дар Маҷлиси намояндагон қабул шуд.

 Ин тарҳ пештар дар Сенат бо таъхир дар тасвиб рубару шуда буд, ки ҳамин масъала таътилии панҷсоатаи давлати Амрикоро дар пай дошт.

 Дар моҳи январ низ ба далели мухолифати демократҳо ва бархе ҷумҳурихоҳони Сенати Амрико бо лоиҳаи буҷа, давлати федералии ин кишвар ба муддати се рӯз таътил шуд.

 

Барчасп