Феврал 10, 2018 14:35 Asia/Dushanbe
  • Сафари мушовири амнияти миллии Афғонистон ба Ӯзбакистон бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳо

Мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурии Афғонистон ба манзури густариши равобит бо Ӯзбакистон, дар садри ҳайати баландпоя вориди Тошканд - пойтахти ин кишвар шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Муҳаммад Ҳаниф Атмар қарор аст дар ин сафар бо мақомоти баландпояи Ӯзбакистон дар бораи тавсеаи муносиботи дуҷониба, мубориза бо терроризм ва охирин таҳаввулоти муҳими минтақа ва масоили ҷаҳонӣ дидор ва гуфтугӯ кунад.

Ин сафар дар ҳоле анҷом мегирад, ки се ҳафта пеш Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи Ӯзбакистон эълом карда буд, то як моҳи дигар нишасте дар хусуси музокираи сулҳи Афғонистон дар Тошканд баргузор мешавад.

Ҳамакнун дар Ӯзбакистон 70 ширкат бо мушорикати сармоягузорони Афғонистон дар заминаҳое ҳамчун хадамот ва амалиёти тиҷорӣ ва ҳамчунин тавлиди масолеҳи сохтмони фаъолият мекунанд.

Ӯзбакистон ба Афғонистон барқ, мева ва сабзиҷот, фаровардаҳои нафтӣ ва нуриҳои минералӣ содир мекунад.