Феврал 10, 2018 18:59 Asia/Dushanbe
  • Идомаи расвоиҳои иттилоотии ФБР

Мақомоти пулиси Федерал (ФБР) ва Вазорати додгустарии Амрико бо ҷосусӣ аз мушовири Ситоди интихоботии Трамп аз қавонини назорати маҳрамона, сӯиистифода карданд.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии амрикоии “Frei Bacon”, иттилооте, ки дар ҳафтаҳои ахир ошкор шудаанд, ҳокӣ аз тамаркузи аслии ҷосуси ФБР, бар Картер Пейдж, мушовири сиёсати хориҷии Ситоди интихоботии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико буд.

Ифшои ҷосусии мақомоти пулиси Федерал (ФБР) ва Вазорати додгустарии Амрико аз мушовири Ситоди интихоботии Трамп ва сӯиистифода аз қавонини назорати маҳрамона, нигарониҳои тозаеро дар бораи кӯтоҳиҳои зидди иттилоотии ФБР, бавуҷуд овардааст.

Таҳқиқоти ФБР дар бораи Картер Пейдж, аз октябри 2016 оғоз ва як сол ба тӯл анҷомид.