Феврал 12, 2018 19:40 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Маскав аз низомигарии Амрико дар атрофи Русия

Вазири умури хориҷаи Русия барномаҳои низомии Амрикоро дар атрофи хоки аслии кишвараш, таҳдиде алайҳи Маскав донист.

Сергей Лавров тасреҳ кардааст, истиқрори сомонаҳои зидди мушакии Амрико ба баҳонаи таслеҳоти ҳастаии Кореяи Шимолӣ дар хоки Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон, ба навъе муҳосираи Русия талаққӣ мешавад .

Лавров дар бораи масъалаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ гуфт, ин масъалаи бисёр хатарнок аст на ба далели ҳамлаи ҳастаӣ, балки ба ин иллат, ки баҳонае барои густариши ҳузури низомии номуносиби Амрико дар минтақа шудааст .

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ пештар гуфта буд, сомонаи зидди мушакии Амрико мустақар дар Аляска ва Кореяи Ҷанубӣ чолише барои Русия маҳсуб мешаванд.

Вазорати дифои Русия ба тозагӣ фош карда, ки ҳузури нерӯҳои НАТО дар марзҳои Русия таи 10 соли ахир, се баробар ва дар марзҳои ғарбии Русия ҳашт баробар шудааст.

 

Барчасп