Феврал 12, 2018 20:48 Asia/Dushanbe
  • Оташсӯзӣ дар ҳотели Космоси Маскав

Оташсӯзӣ аз табақаи понздаҳуми ҳотели Космоси Маскав, пойтахти Русия оғоз шуда ва ба суръат дар ҳоли сироят ба дигар табақоти ин ҳотели бузурги 25 табақа аст.

Нерӯҳои имдодӣ ва оташнишон дар маҳалли ҳодиса ҳозир шудаанду кори тахлияи меҳмонон ва кормандони ҳотел идома дорад .

Ҳамакнун 23 тими оташнишон бо таҷҳизоти комили хомуш кардани оташ дар маҳалли оташсӯзӣ ҳастанд .

Токунун гузорише дар бораи куштаҳо ё маҷрӯҳони эҳтимолӣ мунташир нашудааст .

Ҳотели Космоси Маскав бо ҳазору 777 утоқ дар 25 табақа, аз ҳотелҳои бузургу муҷаллали Маскав ба шумор меравад, ки дар соли 1980 ҳамзамон бо бозиҳои олимпии ҳамон сол ифтитоҳ шуд.