Феврал 13, 2018 18:34 Asia/Dushanbe
  • Фейсбук дар Олмон маҳкум шуд

Додгоҳе дар Олмон Фейсбукро ба далели иттилоърасонии нокофӣ ва ғайридақиқ ба корбарон, маҳкум кардааст.

Гурӯҳи ҳимоят аз ҳуқуқи муштарӣ дар Олмон эълом кард, додгоҳи минтақаии Берлин истифодаи Фейсбукро аз иттилооти корбарон, ғайриқонунӣ донистааст .

Додгоҳ шабакаи иҷтимоии Фейсбукро ба сабаби иттилоърасонии нокофӣ ба корбарон дар бораи инки аз иттилооти онон чигуна истифода мекунад, маҳкум кардааст .

Ширкатҳои бузурги фанноварӣ барои истифода аз иттилооти шахсии корбарон дар Олмон ба шиддат таҳти баррасӣ ҳастанд .

Ин ширкатҳо бо истифода аз иттилооти корбарон, таблиғоти Онлайнро ба таври ҳадафманд иҷро мекунанд.

Ҳейко Дуенкел, афсари полиси додгустарӣ дар федератсияи созмонҳои ҳимоят аз масрафкунанда дар Олмон гуфт: Фейсбук он даста аз танзимоти пешфарзро, ки ба ҳифзи ҳарими шахсии корбар кумак намекунад, дар маркази ҳарими хусусӣ махфӣ мекунад ва ҳангоми сабти номи корбар, иттилооти кофӣ дар ин маврид ба ӯ намедиҳад, ки ин амр хилофи малзумоти ризояти огоҳонаи корбарон аст .

Фейсбук эълом карда, ба раъйи додгоҳи Берлин эътироз хоҳад кард .