Дар назар гирифтани маблағ барои маъмуриятҳои зиддиэронӣ дар буҷети Амрико
Баррасии буҷети соли 2019 Амрико нишон медиҳад, давлати Вашингтон дар идомаи иқдомоти хасмонаи зидди Теҳрон, барои маъмуриятҳои зиддиэронӣ маблағ ихтисос додааст.
Ба нақл аз Ирно, дар санади буҷети федерали соли молии 2019, ки дафтари мудирият ва буҷети Амрико таҳия ва торнамоии Кохи Сафед мунташир карда, ба маъмуриятҳои зиддиэронии вазоратхонаҳои дифоъ, умури хориҷа ва хазонадории Амрико ишора шудааст .
Дар бахши буҷети вазорати дифоъ, барои муқобила бо бархе давлатҳо аз ҷумла Кореяи Шимолӣ ва Эрон, буҷет дар назар гирифта шудааст .
Дар буҷети Пентагон барои ҳампаймонони минтақаии Вашингтон низ ба манзури ончи муқобила бо таҳдидҳои мушакии Эрон хонда шуда, буҷет пешбинӣ шудааст .
Дар буҷети вазорати умури хориҷа ва зери сарфасли “пешбурди манофеи Амрико дар Ховари Миёна” пешбинӣ шудааст, ки аз роҳбурди Трамп барои муқобила бо таъсиоти Эрон дар минтақаи Ховари Миёна ва фаротар аз он ҳимоят шавад .
Бахше аз буҷети Вазорати хазонадории Амрико низ ба афзоиши фишори таҳримҳо алайҳи Эрон бо иҷрои қонуни “Муқобила бо душманони Амрико аз тариқи таҳримҳо” ихтисос ёфтааст .