Фарзандони диктаторҳои бадноми ҷаҳон чи мекунанд?+акс
(last modified Tue, 13 Feb 2018 15:55:18 GMT )
Феврал 13, 2018 20:55 Asia/Dushanbe
  • Фарзандони диктаторҳои бадноми ҷаҳон чи мекунанд?+акс

Шояд барои бисёре ин пурсиш ба вуҷуд омада, ки фарзандону наводагони бузургтарину бадномтарин диктаторҳои қарни бистум куҷо ҳастанду чи мекунанд?

Фарзандону наводагони бархе аз бадномтарин диктаторҳои қарни бистум ба сиёсат ва ё ҳунар рӯй овардаанд ва теъдоди дигаре низ тарҷеҳ додаанд, комилан ношинос зиндагӣ кунанд .

Алессандра Массолини, набераи диктатори Италия Бенито Массолини аст, ки дар соли 2013 ба унвони сиёсатмадори Ҳизби рост вориди Маҷлиси Сенати Италия шуду дар гузашта бозигару модел буд .

Image Caption

Ҷейкоб Югашвилӣ натиҷаи раҳбари Шӯравӣ Ҷозеф Сталин аст, ки дар Гурҷистон зиндагӣ мекунаду ба кори ҳунар машғул аст .

Ҷейкоб дар гузашта аз аслу насабаш шрмгин буд, аммо акнун ёд гирифтааст, ки ба шаҷарааш эҳтиром бигузорад .

Image Caption

Сара Пачата (самти рост) духтари диктатори Камбоҷа Пол Пот аст, ки дар соли 2014 издивоҷ кардаву акнун кишоварзи биринҷкор аст .

Сара ба як хабарнигор гуфтааст: “Дӯст дорам, дар зиндагии баъдӣ падарамро бубинаму пеши ӯ бошам”.

Image Caption

Зори Риос, духтари Эфрин Риос Монт, диктатори собиқи Гватемала аст, ки соли 2013 ба ҷурми наслкушӣ ба 80 соли зиндон маҳкум шуд .

Зори акнун аз сиёсатмадорони Гватемала аст ва дар соли 2004 бо Ҷерри Валер издивоҷ кард, ки аз ҷумҳурихоҳони Маҷлиси намояндагони Амрико аз иёлоти Иллинойс буд.

Image Caption

Валентин Чаушеску танҳо фарзанди зиндаи раҳбари Руминия Николай Чавесский аст ва дар заминаи физики ҳастаӣ дар Руминия таҳқиқ мекунад .

Image Caption

Ҷаъфари Амин, писари диктатори Уганда Иди Амин 11 сол аст, ки ба унвони мудири DHL кор мекунаду дар корҳои таблиғотии ширкатҳое монанди Qatar Airways ва Hwansung низ фаъолият дорад .

Image Caption

Фернандо Мартин Маноток, набераи ҳокими собиқи Филиппин Фердинанд Маркос аст.

Image Caption

Адолф Ҳитлер фарзанд надошт, аммо ҳануз панҷ узв аз насли хонаводаи ӯ зинда ҳастанд .

Image Caption

Ин панҷ нафар аз насли фарзандони аввалин издивоҷи падари Ҳитлер ҳастанду гуфта мешавад, ҳеч вақт нахостаанд, фарзанддор шаванд, то шояд мероси Ҳитлер бо маргашон поён ёбад .