Феврал 14, 2018 18:44 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи вакили Трамп ба боҷдиҳӣ барои пинҳон кардани расвоии ӯ

Вакили шахсии Трамп эътироф кард, барои ҷилавгирӣ аз ошкор шудани иттиҳоми робитаи муваккилаш бо як бозигари филмҳои ғайриахлоқӣ, 130 ҳазор доллар ба ин бозигар пардохт кардааст.

Шабакаи телевизионии CNN эълом кард, Майкл Коэн, вакили шахсии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфтааст, соли 2016 дар як тароканиши молии шахсӣ, аз манобеи молии худ 130 ҳазор доллар ба хонуми Стефани Клифорд пардохтааст .

Коэн пас аз ифшои моҷарои ҳақулсукут додани Трамп ба як бозигари филмҳои мустаҳҷан барои ифшо нашудани робитаи ҷинсиаш бо ӯ, эълом кард, ки ин 130 ҳазор долларро аз ҷайби худаш пардохт кардааст.  

Гузориши ин расвоии ахлоқӣ Трампро бори нахуст рӯзномаи Вол Стрит Журнал моҳи гузашта мунташир кард .

Вакили Трамп ин 130 ҳазор долларро пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии 2016 ба Стефани Клифорд дода буд, то робитаи ҷинсиашро бо Трамп дар соли 2006 ифшо накунад ва ин дар ҳолест, ки Трамп соли 2005 бо Меланиа, ҳамсари кунунии худ издивоҷ карда буд .