Фаъолияти гурӯҳаки Ҷундуллоҳ дар Покистон мамнуъ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i29971
Вазорати кишвари Покистон гурӯҳаки Ҷундуллоҳро дар радифи гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ва террористии ин кишвар қарор дод ва фаъолияти онро мамнуъ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 14, 2018 19:37 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти гурӯҳаки Ҷундуллоҳ дар Покистон мамнуъ шуд

Вазорати кишвари Покистон гурӯҳаки Ҷундуллоҳро дар радифи гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ва террористии ин кишвар қарор дод ва фаъолияти онро мамнуъ кард.

Тибқи дастуруламали Вазорати кишвари Покистон, гурӯҳаки Ҷундуллоҳ бар асоси қонуни 1997 мубориза бо терроризми ин кишвар иҷозаи фаъолият дар қаламрави Покистонро надорад .

Покистон фаъолияти бунёди Алҳарамайн, созмоне, ки барои Ҷундуллоҳ кумаки мардумӣ ҷамъоварӣ мекардро низ мамнуъ кард .

Давлат Покистон мегӯяд, ин иқдомотро дар чорчуби қатъномаи 1267 Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид анҷом додааст .

Вазорати кишвари Покистон ҳамаи иттилооти гурӯҳи террористии Ҷундуллоҳро ба ожонсҳои иттилоотии Покистон таҳвил дод ва пайгарду боздошти аъзо ва раиси ин гурӯҳи террористӣ ва нобудии комили онро хостор шуд .

Гурӯҳаки Ҷундуллоҳ пештар ҳимояти худро аз гурӯҳи террористии ДИИШ эълом карда буд .