Феврал 15, 2018 12:52 Asia/Dushanbe
  • Оғози муборизаи давлати Покистон бо гурӯҳи ҷамоати Алдаъва

Давлати Покистон мубориза ва бархурд бо гурӯҳи ҷамоати Алдаъваи ин кишварро оғоз кард.

Пас аз дастури Мамнун Ҳусайн, раисҷумҳури Покистон мабнӣ бар қарор гирифтани номи гурӯҳи ҷамоати Алдаъва дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ, давлати ин кишвар мудирияти мадорис ва хайрияҳои марбут ба ин гурӯҳро бар уҳда гирифт .

Ҳофиз Саид, саркардаи гурӯҳи лашкари Тайиба, ки аз сӯи Ҳинд муттаҳам ба мушорикат дар ҳамлаи террористии соли 2008 Мумбаи аст, ҷамоати Алдаъваро ба унвони муассисаи хайрия таъсис кард.

Аммо идомаи фишорҳои Амрико ва Ҳинд бар давлати Покистон боис шуд, то давлати ин кишвари онро низ ба унвони гурӯҳи террористӣ муаррифӣ кунад.

Ин барои аввалин бор нест, ки давлати Покистон фаъолияти гурӯҳҳои хушунатгаро ва террористиро дар ин кишвар мамнуъ мекунад .

Пас аз соли 2001 замони ҳамлаи Амрико ба Афғонистон, давлати Покистнон фаъолияти сипоҳи Саҳобаро низ мамнуъ эълом кард.

Бар асоси қавонини Покистон, мамнуъ шудани фаъолияти як муассиса ба маънои адами фаъолияти аъзои он в амамнуъ шудани таъсиси гурӯҳи дигар нест.

Ашхосе монанди Ҳофиз Саид ин имконро доранд, ки бо таъсиси гурӯҳе дигар ба фаъолияти худ идома диҳанд.

Ба ҳамин далел ба рағми талошҳои давлати Исломобод барои муқобила бо хушунатгароӣ ва терроризм, Покистон ҳамчунон муттаҳам ба ҳимоят аз терроризм аст.

Аз дидгоҳи маҳофили сиёсӣ Покистон аз гурӯҳҳои шибҳнизомӣ ба унвони абзоре барои пешбурди аҳдоф ва барномаҳои худ аз ҷумла дар Афғонистон истифода мекунад.

Пас мамнуъ кардани фаъолияти ҷамоати Алдаъва ва мусодираи амволи онро гоме муҳиму ҷиддӣ барои муқобила бо ифротгароӣ ва терроризм дар Покистон талаққӣ намекунанд.  

Мамнуъ шудани фаъолияти ҷамоати Алдаъва ҳар чанд аз назари давлати Исломобод гоме муҳим барои муқобила бо ифротгароӣ ва терроризм дар Покистон талаққӣ мешавад.

Аммо бархурди решаӣ бо ин гурӯҳҳо муҳиму лозим аст, то ифротгароӣ ва терроризм аз мадориси динӣ ва марокизи ба истилоҳ хайрияи Покистон рушд накунанд .

 

 

 

 

 

 

 

Барчасп