Феврал 15, 2018 16:58 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти байналмилалии «Ҳамандешӣ барои мубориза бо ифротгарӣ» дар Афғонистон

Нахустин нишасти байналмилалии «Ҳамандешӣ барои мубориза бо ифротгарӣ» бо ҳузури шахсиятҳо ва ниҳодҳои мухталиф аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, ҳадафи аслии ин нишаст, ки имрӯз (панҷшанбе) дар Кобул оғоз шуда, тадвини тадобири фарҳангӣ барои мубориза бо ифротгарӣ аст.

Бар асоси ин гузориш, паёми Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон тавассути мушовири фарҳангӣ- динии вай, дар ин нишасти байналмилалӣ хонда шуд.

Ин нишаст бо талош « Институти сулҳ, расона ва ҳукуматдории хуб» дар пойтахти Афғонистон баргузор шудааст.

Раиси Институти сулҳ, расона ва ҳукуматдории хуб дар Кобул, гуфт, дар шаш моҳи гузашта аз тариқи тамос бо ниҳодҳо ва шахсиятҳои мухталиф дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тавониста, ин нишастро баргузор кунад.

Аҳмад Камил Миршодбег афзуд, бархе аз шахсиятҳо аз кишварҳои Қазоқистон, Чин, Туркия ва Ироқ ба далели нигаронии амниятӣ, ширкат накарданд, аммо дар қолаби ирсоли корҳои илмӣ ва паёмҳои вижа ҳамкориҳои хубе анҷом доданд.

Ба гуфта вай, бо ин ҳол дар ин нишаст бисёре аз шахсиятҳои динӣ ва сиёсӣ аз кишварҳои Миср, Ҳиндустон, Покистон, Эрон низ ҳузур доранд.