Мухолифати доктор Абдуллоҳ бо оғози супоридани шиносномаҳои электроникӣ дар Афғонистон
Раиси Шурои иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон бо оғози раванди супоридани шиносномаҳои электроникӣ дар ин кишвар мухолифат кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Тасним, Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард: Раванди супоридани шиносномаҳои электроникӣ танҳо замоне бояд оғоз шавад, ки дар бораи он ҳамфикрӣ вуҷуд дошта бошад.
Дар ин баёния омадааст: Барои ҷилавгирӣ аз шиддат ёфтани танишҳои сиёсӣ давлати Афғонистон бояд дар бораи супоридани шиносномаҳои электроникӣ бо ҳамаи тарафҳо ба тавофуқ бирасад.
Қарор аст раванди супоридани шиносномаҳои электроникӣ то чанд рӯзи оянда дар Афғонистон оғоз шавад.
Чанд моҳ пеш раисҷумҳури Афғонистон бо судури фармоне хостори тағйири қонуни сабти аҳволи шаҳрвандӣ шуда буд, то қавмият дар шиносномаҳои электроникӣ дарҷ шавад.
Намояндагони мардуми Афғонистон дар маҷлиси ин кишвар бо аксарияти овозҳо бо сабти қавмият дар шиносномаҳои электроникӣ мухолифат кардаанд.