Боздиди Тереза Май аз як масҷид бо ҳиҷоби исломӣ
Феврал 19, 2018 19:55 Asia/Dushanbe
Нахуствазири Британия бо риояти ҳиҷобу пушиши исломӣ, аз яке аз масоҷиди Лондон боздид кард.
Тереза Май дар тарҳи “Аз масҷиди ман дидан кунед”, аз як масҷид дар Майденҳеди Лондон боздид кард .
Беш аз 200 масҷид дар саросари Британия дар ростои иҷрои тарҳи “Аз масҷиди ман дидан кунед” ва бо ҳадафи ошно шудани пайравони соири адён бо ислом ва муқобила бо исломҳаросӣ, дарҳои худро ба рӯи мардуми ғайримусулмон боз карданд .
Маркази исломии Британия ниҳоди вобаста ба дафтари раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ин тарҳро ба иҷро гузоштааст.
Тарҳи “Аз масҷиди ман дидан кунед”, ҳарсола дар 18 феврал баргузор мешавад .