Феврал 21, 2018 18:02 Asia/Dushanbe
  • Падари маънавии Толибон дар бемористон

Манобеи хабарии Покистон эълом карданд, Мавлоно Самеъ Алҳақ, раҳбари ҷамъияти уламои Покистон шохаи Самеъ ба иллати вахомати ҳолаш дар бемористон бистарӣ шуд.

Хабарҳо ҳокӣ аз бистарӣ шудани Мавлоно Самеъ Алҳақ маъруф ба падари маънавии Толибон дар бемористони шаҳри Навшҳра дар иёлоти Хайбар-Пахтунхва аст.

Вай дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад.

Самеъ Алҳақ дар авоили кори давлати феълии Муслим Лиг Навоз ба унвони раиси кумитаи музокирот ба намояндагӣ аз гурӯҳ террористии Толибони Покистон бо намояндагони давлат музокира кард, ки ин музокирот ба ҷое нарасид ва амалиёти густардаи артиши Покистон алайҳи террористҳо оғоз шуд.