Покистон барои сафари Муди ба Лоҳур суратҳисоб фиристод!
(last modified Wed, 21 Feb 2018 13:52:58 GMT )
Феврал 21, 2018 18:52 Asia/Dushanbe
  • Покистон барои сафари Муди ба Лоҳур суратҳисоб фиристод!

Исломобод суратҳисобе ба маблағи ду ҳазору 300 долларро дар баробари ҳузури кӯтоҳмуддати нахуствазири Ҳинд дар Лоҳури Покистон ва истифодаи ӯ аз ҳарими ҳавоии ин кишвар дар чанд сафар, барои Деҳлии Нав фиристод.  

Ба нақл аз Скрул, Покистон аз Ҳинд хостааст, барои сафари ногаҳонии Нарендра Муди ба Лоҳур дар соли 2015 ду ҳазору 300 доллар бипардозад.  

Нахуствазири Ҳинд дар декабри 2015 дар иқдоме ғайримунтазира дар роҳи бозгашт аз Кобул ба Деҳлии Нав ба таври ногаҳонӣ барои дидор бо Навоз Шариф, нахуствазири асбақи Покистон вориди Фурӯдгоҳи байналмилалии Лоҳур шуд, ва бо ӯ дидору гуфтугӯ кард.  

Исломобод ҳамчунин аз Деҳлии Нав хостааст, барои истифодаи нахуствазири Ҳинд аз ҳарими ҳавоии Покистон дар сафар ба Русия, Афғонистон, Эрон ва Қатар ҳам ҳазина бипардозад.

Ҳинду Покистон аз замони истиқлоли Покистон аз Ҳинд дар соли 1947 токунун муноқишаҳои бисёре бо ҳам доштаанд, ки муҳимтарини он ба мавзуи моликият бар тамоми минтақаи Кашмир бармегардад.

Бахше аз Кашмир дар хоки Ҳинд ва бахше дигар дар хоки Покистон қарор дорад.